Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паём — барномаи фардоафрӯзи бонувон» ҳамоиши занон доир гардид. Зимни он ба 10 нафар занони ҳунарманд ва соҳибкор гранти раиси шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Иброз гардид, ки дастгирии давлатии занон дар меҳвари сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, ки «мо нақши занону духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем».
«Воқеан ҳам бо эътирофи арзишҳои башарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан занон таҳти дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб гардиданд. Ин соҳибэҳтиромӣ имконият дод, ки занон дар пешрафту тараққиёти ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва соҳаҳои гуногуни мамлакат нақши арзишманд гузоранд»,– баён шуд дар ҳамоиш.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.
Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мусоидат мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






