Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
ҲИСОР, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Тибқи иттилои сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Ҳисор Алишер Қосимзода, дар ин чорабинӣ нуҳ корманди Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иштирок намуданд. Онҳо нафақагиронро тавассути телефонҳои мобилӣ акс гирифта, бо шинохти чеҳра аз нав ба қайд мегиранд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар шаҳри Ҳисор 26 ҳазору 877 нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 5297 нафар нафақагирони маъюб, 1422 нафар нафақагирони бесаробон, ятими куллу нимятим ва 20158 нафар нафақагирони иҷтимоӣ мебошанд. То имрӯз зиёда аз 14 ҳазор нафақагир ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Ҳисор маъюбон, пиронсолон, беморонро дар хонаҳояшон азнав ба қайд мегиранд. Дар маъракаи азнавбақайдгирӣ раисони деҳаҳо, имомхатибон ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамкорӣ ва кумак менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ идома дорад. Масъулини соҳа то 30 декабри соли 2025 ин равандро ба анҷом расонида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






