БОНКИ ҶАҲОНӢ ОЗМУНИ МИНТАҚАВИИ ПЕШНИҲОДОТУ ИДЕЯҲОРО БАРГУЗО
Душанбе, 14 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Раёсати Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ дар бораи гузаронидани озмуни пешниҳодот ва идеяҳо дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ қарор қабул намуд. Дар озмун иттиҳодияҳои фермерҳо, истифодабарандагони об, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, соҳибкорону тоҷирон, олимон, мақомоти худидораи маҳаллӣ, фондҳо ва созмонҳои дигари Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки озмуни мазкур бояд ба як навъ маркази пешниҳодоту идеяҳои навоварона табдил ёбад. Мавзӯи асосии озмун истифодаи самарабахши захираҳои об дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Дар ҷараёни он пешниҳодҳо, идеяҳо ва барномаҳои беҳтарин интихоб карда, баъдан дар амал татбиқ карда мешаванд. Барои иҷрои онҳо маблағ ҷудо карда хоҳад шуд. Ҳадафи гузаронидани озмун андешидани тадбирҳои самарабахши сарфа кардани об дар соҳаи кишоварзӣ мебошад. Барои муаллифони пешниҳодоту идеяҳои навоварона мукофотҳо муқаррар карда шудаанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






