ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 5 ФЕВРАЛ БАРФ МЕБОРАД

Февраль 3, 2009 15:30

               Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Субҳи имрӯз дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон барф борид. Аз Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки боридани барф дар мамлакат то 5 феврал давом мекунад. Ҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки вобаста ба боридани барфи зиёд дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат фуромадани тарма эҳтимол дорад. Имконияти фуромадани тарма дар доманаҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор бештар аст.               Ба қавли ҳавошиносон, 5 феврал дар аксари минтақаҳои мамлакат барф меборад. Ҳаво 6 феврал кушода хоҳад шуд.                Ҳарорати ҳаво рӯзона зимни боридани барф аз 2 то 7 дараҷа гарм ва шабона то 5 дараҷа хунук мешавад. Аз Агентии ҳавошиносии мамлакат хабар доданд, ки ҳавои моҳи охири зимистон нисбатан гарм хоҳад шуд. Ба қавли мутахассисон, миёнаҳои моҳи феврал боз барфи зиёд меборад. Тарҷумон — Қудратов А.  

Февраль 3, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд