ДАР ВОСЕЪ МАКТАБҲОИ НАВ БУНЁД МЕЁБАНД

Февраль 18, 2009 14:18

                   Восеъ, 18 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Восеъ ду мактаби нав, ки бо таври ҳашар сохта шудаанд, ба истифода дода шуданд. Ин маткабҳои рақами 66 ва 67 мебошанд, ки то ин замон хонандагон дар хонаҳои шахсӣ илм меомӯхтанд.                   Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ Давлат Шарипов иброз дошт, ки дар сохтмони мактабҳои мазкур 180 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ин мактабҳо бо тамоми таҷҳизотҳои лозимаи хониш муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Ба гуфти ин манбаъ тӯли соли 2008 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 82700 сомонӣ, аз ҳисоби волидайн 110 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети вилояти 186 ҳазору 500 сомонӣ, буҷаи ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ, азҳисоби Вазорати маориф барои таъмири асосии мактаби рақами №28, 98 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардид.                 Д.Шарипов афзуд, ки соли моҳи апрели соли ҷорӣ бо маблағгузории Вазорати маориф дар маркази шаҳрак як мактаби 2 ошёна барои 200 хонанда ва аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ 2 мактаб дар деҳаҳои Собқодирӣ ва Пушиёни боло сохта мешавад.

Февраль 18, 2009 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд