ДАВРИ ЯКУМИ ТАРМИМИ РОҲ МОҲИ ИЮН БА ОХИР МЕРАСАД
Душанбе, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Даври аввали тармиму таҷдиди роҳи мошингарди «Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ» моҳи июни соли равон ба охир мерасад. Барои тармими куллии роҳи мазкур 295 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуда буд. Аз ин маблағ 281 миллиону 100 ҳазор долларро Бонки содиротию воридотии Чин ва 14 миллиону 800 ҳазор долларро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардаанд.Барномаи сохтмону тармими роҳи мазкур барои осон шудани кор ба се давра тақсим карда шудааст. Даври аввал сохтмону тармими роҳи мошингардро дар масофаи 345 километр, сохтмони кӯпрукҳо, хобондани қубурҳо, девораҳо ва обгурезҳоро дар бар мегирад. Дар даври дуюм сохтмони туннелҳо пешбинӣ карда мешавад. Бо ин мақсад 12 миллиону 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар роҳи мошингарди мазкур дар ағбаи Анзоб туннели дарозиаш 5 ҳазору 253 метр канда шуд. Дар даври сеюм сохтмони 23 иншооти зидди тарма пешбинӣ карда шуда буд, ки то имрӯз 9 — тои он сохта шудааст. Маблағи умумии барои иҷрои корҳои даври сеюм пешбинишуда, 30 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад. Давраҳои дуюму сеюми тармими роҳ моҳи июли соли 2010 ба охир мерасанд. Комиссияи давлатӣ роҳро дар давоми солҳои 2010 — 2011 қабул хоҳад кард. Дар ин муддат камбудиҳои мавҷуда бартараф карда мешаванд.Мудири иҷроияи Маркази тармиму таҷдиди роҳи мошингарди «Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ» Қодир Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки тармиму таҷдиди қитъаҳои алоҳидаи роҳ босуръат давом дорад ва бо дили пур гуфтан мумкин аст, ки роҳи мазкур дар муҳлати муқарраршуда ба истифода дода мешавад. Тарҷумон — Қудратов А.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






