ДУХТУРОНИ БЕҲТАРИН БА МАҲАЛЛИ СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚ
Душанбе, 14 феврал. АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Котиби матбуоти вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Фотима Ёқубова ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки 12 феврал тибқи фармони вазири тандурустӣ гурӯҳи калони духтурони беҳтарини муассисаҳои тибии пойтахт ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2» ва «Роғун» фиристода шуданд. Ҳадафи ин иқдом расондани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба коргарон бо мақсади пешгирии паҳн гардидани бемориҳои шадид мебошад. Қайд карда шуд, ки ба гурӯҳи мазкур духтурони бемориҳои аъзои дохила, дил, гурда, эндокринологҳо, иммунологҳо, духтурони гӯшу бинӣ, асаб, чашм, духтурони бемориҳои занона ва ВИЧ/СПИД шомиланд. Духтурон бо асбобу анҷоми тиббӣ ва доруҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд. Вазири тандурустӣ ба Маркази ҷумҳуриявии тақвияти муқовимати организми инсон ба бемориҳо супориш дод, ки гурӯҳи корӣ ташкил намуда, бо 6000 воя доруи пешгирикунандаи грипп ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ фиристад. Духтурон то 20 феврал дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ кор мекунанд. Тарҷумон — Қудратов А.








Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






