ДУШАНБЕ БАҲОРРО БО АВТОБУСҲОИ НАВ ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД

Февраль 27, 2009 14:56

                   Душанбе, 27 феврл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар моҳи март 150 адад автобусҳои нави тамғаи «ПАЗ» дар роҳҳои пойтахт ба ҳаракат дароварда мешаванд.                   Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдуҳомид Шералиев зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки автобусҳои тамғаи «ПАЗ», ки алҳол 134 адади он вориди пойтахт шудаанд, дар асоси шартномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо корхонаи «Русский Автобус»-и Федератсияи Русия ба Душанбе оварда шудаанд ва рӯзҳои наздик 16 адади дигари он ба Душанбе ворид карда мешаванд. Автобусҳои нав баъди ба расмиятдарорӣ пурра дар хатсайрҳои пойтахт ба мусофирон хизмат мерасонанд. Автобусҳо аз лиҳози техникӣ мусоид ба шароити роҳҳои пойтахт буда, 75 адади он аз сӯзишвории дизелӣ ва 75 адади дигараш аз бензин ва гази моеъ истифода мекунанд.                   Абдуҳомид Шералиев мегӯяд, ки алҳол ба мусофирон дар пойтахт беш аз 500 автобусу троллейбусҳои корхонаҳои коммуналии мусофиркашонии пойтахт дар 72 хатсайр хизмат мерасонанд.

Февраль 27, 2009 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд