ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БИНОИ НАВИ САФОРАТХОНАИ ТОҶИКИСТОНРО ДАР БЕЛГИЯ КУШОД
Душанбе, 11 феврал. АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Брюссел бинои нави Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Белгия кушода шуд. Роҳбари раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ Давлат Назриев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар маросими ифтитоҳи бинои сафоратхона Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд. Тавре хабар дода шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон имрӯзҳо дар Белгия мусофират дорад. Бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон чорошёна мебошад. Дар ошёнаи аввали он шӯъбаи консулгарӣ, дар ошёнаи дуюм ӯтоқҳои кории сафир ва дипломатҳо ва дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои истиқоматии муовини сафир ҷойгир шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки хароҷоти иҷораи манзил барои кормандони сафоратхона дар оянда камтар карда шавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз баъди кушода шудани бинои сафоратхона дар он мулоқоти соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Белгия гузаронида мешавад. Тибқи нақша, дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан хоҳад кард. Тарҷумон — Қудратов А.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






