ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА АБДУЛЛО СОЛЕҲ

Февраль 27, 2009 14:32

                 Намояндагони мӯҳтарами васоити ахбори умум,                 Дар мулоқот ва музокироти муфассалу муфид, ки дар ҷараёни сафари нахустини расмии Президенти Ҷумҳурии Яман Ҷаноби Олӣ Алӣ Абдулло Солеҳ ба Тоҷикистон дойир гардиданд, самтҳо ва арсаҳои асосии ҳамкории дуҷонибаро бори дигар — баъд аз сафари порсолаи расмии ман ба Яман — мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода шуданд.                 Мо зарурати ба сатҳи шоиста баровардани ҳамкории гуногунсоҳаи мутақобилан судманди байни ду кишварро таъкид намудем. Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва, бахусус фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои зиёди судманди иқтисодӣ, ин ҳамкорӣ метавонад густариш ёбад ва омили рушди муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст гардад.                 Дар чаҳорчӯбаи ин сафар мо эҷоди заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориро идома дода, санадҳои муҳими дуҷонибаро, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ба имзо расонидем.                 Мо ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишварро арзишманд медонем ва қаноатмандем, ки дар ин иртибот тавофуқоти муҳим ба даст омадаанд.                 Дар ҷараёни мулоқоту музокирот роҷеъ ба масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ табодули афкору назариёти муфид сурат гирифт.                 Қобили зикри хос аст, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои созандагӣ, ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд.                 Мо аз натиҷаҳои сафари Ҷаноби Олӣ ба кишварамон қаноатмандем ва мутмаинем, ки татбиқи паймонҳои ҳосилшуда оғози накӯи марҳилаи нави муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Яман мегардад.                 Ташаккур.

Февраль 27, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд