ФОНДИ БОЗГАШТ БАРОИ ТАКРОРИСТЕҲСОЛКУНӢ ВОГУЗОР ШУД
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- -Соли 2008 аз ҳисоби маблағҳои барои хариди тухмӣ ҷудо гардида, Вазорати кишоварзӣ қариб ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Раштро бо тухмии хушсифати гандум, картошка, ҷуворимакка таъмн намуд,- иброз дошт муовини вазир С. Исроилов ба мухбири АМИТ «Ховар». Аз ҳисоби фонди бозгашти вазорат ба ноҳияи Рашт 20 тонна гандуми тухмӣ, 181,1 тонна картошкаи тухмӣ ва 3 тонна ҷуворимаккаи тухмӣ дода шуд. Ноҳия танҳо 15 тонна гандуми тухмиро ба фонди бозгашти вазорат бозпас гардонида 181,1 тонна картошкаи тухмӣ ва 3 тонна ҷуворимаккаи тухмиро барои такрористеҳсолкунӣ нигоҳ дошт. Ин дар ҳолест, ки тибқи таҷрибаи «Хазина»-и Оғохон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як қатор хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) яку ним баробар ҳосили рӯёнидаро ба «Хазина» баргардонида, ҳосили зиёдатиро барои таъмини рӯзгорашон истифода мекунанд. Аз он ки Вазорати кишоварзӣ фонди бозгаштро ба ихтиёри хоҷагиҳо барои такрористеҳсолкунӣ вогузор мекунанд, ба гумон аст, ки соҳаи кишоварзӣ рушд ёбад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






