ГАЗ ҚИМАТ ШУД

Февраль 4, 2009 16:53

              Кӯлоб, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Қимати гази табиӣ барои аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб боло рафт. Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Кӯлобгаз» аз моҳи январ ҳазор метрии кубӣ гази табииро 245 сомонӣ зиёд кард.              Cардори ҷамъияти мазкур Хайрулло Ҳабибуллоев гуфт, ки боло бурдани қимати газ ба онҳо вобаста нест. Зеро ба қавли ӯ «Кӯлобгаз» дар ҳоле нархи газро боло бурд, ки дар ҳамин маврид аз ҷониби истеҳсолкунандагон кони гази Хоҷасартез ва кони гази Бештентақи ноҳияи Балҷувон қимати ҳазор метрии кубии гази табиӣ ба якборагӣ аз 180 сомонӣ ба 300 сомонӣ боло рафт.               Ба гуфти Хайрулло Ҳабибуллоев, то оғози соли нав аз кони гази Бештентаки ноҳияи Балҷувон ба шаҳри Кӯлоб ҳудуди 5 ҳазор метрии кубӣ газ дар як шабонарӯз интиқол меёфт, ҳоли ҳозир пас аз оне, ки ширкати Амрикоии Тетис Петролеум Лимитед конҳои гази Хоҷасартезро бозсозӣ намуд дар соли 2009 ба шаҳр миқдори интиқоли газ ба 16 ҳазор кубаметр расидааст. Аммо ин дар ҳолест, ки ба қавли вай талаботи пурраи аҳолии шаҳри Кӯлоб ба газ ба маротиб аз ин зиёд аст.

Февраль 4, 2009 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид