ХБА БА ТОҶИКИСТОН 120 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ ИМА КӮМАК МЕКУНАД

Февраль 18, 2009 16:51

                Душанбе, 18 феврал. (НИАТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ба Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши таъсири манфии бӯҳрони молӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад. Дар ин бора имрӯз, 18 феврал роҳбари гурӯҳи ХБА оид ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод.                 Ӯ афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои молиявию бонкии кишвар ҳамаи шарту шароитро барои идома ва густариш додани ҳамкорӣ бо ХБА ва дигар созмонҳои байналмилалию кишварҳои мададрасон иҷро намуданд.                 «Гуфтанист, ки марҳилаи аввали гуфтушунидҳо оид ба таҳияи Барномаи нави ҳамкорӣ ба поён расид. Мутобиқи ин барнома Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад», — идома дод намояндаи ХБА.                 Бояд қайд кард, ки тибқи Барномаи нави ХБА бо Ҳукумати Тоҷикистон ин созмони молиявии байналмилалӣ дар давоми 3 сол баҳри татбиқи барномаҳои гуногун дар Тоҷикистон 120 миллион доллари ИМА кӯмак мекунад.

Февраль 18, 2009 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд