ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТИ БАҲОРӢ ОҒОЗ КАРДАНД

Февраль 13, 2009 11:29

                  Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Тибқи маълумоти фаврӣ ва натиҷаҳои санҷишии гурӯҳҳои кории Вазорати кишоварзии ҶТ соли ҷорӣ дар майдони 134 ҳазору 170 гектар кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида мешавад. То 10 феврал ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 11 ҳазору 985 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки 8,9 фоизи нақша мебошад ва нисбати соли гузашта 6047 гектар зиёд аст. Дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба масоҳати 1050 гектар зироатҳои ғалладона, ки тирамоҳ киштӣ шуда буданд, ғизо дода шуд. Инчунин мувофиқи нақша 657 ҳазору 535 гектар замин шудгор карда шуд, ки 63 %- и нақшаро ташкил медиҳад.                  Бо истифода аз вазъи мусоиди ҳаво кишоварзони вилояти Хатлон дар масоҳати 11263 гектар, ноҳияҳои Турзунзода 93 гектар, Хисор 155 гектар, Шаҳринав 63 гектар ва Рӯдакӣ дар масоҳати 411 гектар ғалладона кориданд.  

Февраль 13, 2009 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд