ИСТЕҲСОЛИ АЛЮМИНИЙ ДАР ШИРКАТИ «ТАЛКО»КАМ ШУД

Февраль 26, 2009 10:42

                   Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Ширкати «ТАЛКО» бо мақсади сарфаи қувваи барқ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои пештараи истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии худ — алюминийро то андозае кам намуд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо соли 2008 — ум 402 ҳазор тонна маҳсулот бароварда шуд. Дар хабари ширкат гуфта мешавад, ки айни ҳол барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ҳамагӣ аз се як ҳиссаи қувваи барқи дар мамлакат истеҳсолшаванда истифода бурда мешавад. 70 фоизи даромади умумии ширкат ба ҳисоби буҷети давлат гузаронида мешавад. Ширкати алюминийи Тоҷикистон айни ҳол аз истифодаи қувваи барқ қарздор нест.                   Дар ин ҷо соли 2008 барои истифодаи қувваи барқ зиёда аз сад миллион доллари ИМА пардохта шуд. Роҳбарияти ширкат дар шароити имрӯза бо назардошти бӯҳрони энергетикӣ қарор дод, ки ҳаҷми истифодаи кувваи барқро то 14,5 миллион киловатт — соат кам кунад. Бо ҳамин сабаб сад кӯраи электролизӣ аз кор боздошта шуд.

Февраль 26, 2009 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд