ИТТИЛООТ БАРОИ ДЕҲҚОНОН

Февраль 10, 2009 09:29

               Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 феврал дар шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии маводи иттилоотиву омӯзишӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи ислоҳоти замин — «Боигарӣ барои ҳама» омода шудааст.              Дар нашри дастурҳои мазкур Созмони ҷамъиятии шафқати «Ҷовид», Созмони ҷамъиятии «Арбитраж» ва Ташкилоти байналмилалии «ACTED» саҳм гирифта, Комиссияи Аврупо маблағашро пардохт кардааст.             Аз СҶ «Арбитраж» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қабл аз таҳияи ин дастурамалҳо эҳтиёҷи деҳқонон ба иттилооту омӯзиш ва масъалаи дастрасӣ доштани онҳо ба ин мавод ба эътибор гирифта шуд.             Гуфтанист, ки барои гирифтани дастурҳо деҳқононро зарур аст, ки 30 фоизи маблағи чопи онҳоро пардохт намоянд, ки он 2 сомонӣ барои 7 дастуру тавсияро ташкил медиҳад.

Февраль 10, 2009 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд