КӮМАК БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ

Февраль 28, 2009 11:35

                  Рашт, 2 март. (АМИТ «Ховар» М.Ризвонов).- Созмони байналмилалии «Ҳайати Шафқат» ба 2100 оилаи камбизоати ҷамоатҳои Ҳиҷборак ,Ҷафр ва Тагобаи ноҳияи Рашт ба маблағи 850 сомонӣ кӯмаки яквақта расонид. Корманди ин ташкилот Ҳамзаалӣ Давлатов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,ки ташкилоти мазкур аз ҳисоби кӯмакҳои Ҳукумати ИМА ба мардуми ин минтақа, ки бар асари сардиҳои зимистони соли гузашта зарар дида буданд, дасти ёрӣ дароз менамояд.                 Инчунин «Ҳайати Шафқат» бо назардошти болоравии нархи маводи ғизоӣ ва камбуди сӯзишворию норасоии барқ мардуми маҳалро аз ин ҷиҳат ҳам дастгирӣ мекунад. Яке аз занҳои бесаробон аз деҳаи Нимичи ҷамоати Ҷафр Ҳалима Тоҳирова миннатдории худро ба ин созмон баён намуда, изҳор кард, ки дар давраи болоравии қиммати маводи ғизоӣ тавонист як масъалаи душвори худро ҳал намояд. Мувофиқи барнома пешбини шудааст,ки ташкилоти мо ба занҳои ҳомила ва кӯдакони то ду сола ба маблағи 200-280 сомонӣ маводи хӯрока кӯмак намояд,- гуфт Ҳ.Давлатов.

Февраль 28, 2009 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд