КӮМАКИ «ТАКОМ» БА ШИФОХОНАҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Душанбе, 2 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Ҷамъияти саҳҳомии «Таком» маъракаи хайрияро пеш гирифта, ба баъзе шифохонаҳои мамлакат дар шароити нарасидани қувваи барқ генераторҳои барқии дизелӣ тӯҳфа кард. Генераторҳои тӯҳфакардаи ҷамъияти мазкур имрӯз ба дармонгоҳи рақами панҷум, омӯзишгоҳи касбҳои техникии рақами 31, маркази хунгузаронии шаҳри Хуҷанд, инчунин шифохонаи марказии шаҳри Исфара ва ғайра хизмат мерасонанд. Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомӣ Игор Климко ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки коргарону мутахассисони он дар шароити нарасидани қувваи барқ ва маҳдуд намудани таъминоти он худро аз душвориҳои фаъолияти муассисаҳои иҷтимоӣ канор гирифта наметавонанд. Бинобарин мо қарор додем, ки то ҳадди имкон ба шифохонаҳо ва мактабҳо дар давраи нарасидани қувваи барқ кӯмак расонем. Ҷамъияти саҳҳомӣ хизматрасонии техникӣ ва бо сӯзишворӣ таъмин намудани генераторҳоро низ ба зиммаи худ мегирад, гуфт вай. Тарҷумон — Қудратов А.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






