КАЛОНТАРИН ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ НИҲОЛ ДАР ДУШАНБЕ

Февраль 28, 2009 13:07

   Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-    Фарорасии фасли баҳор ва оғози кишту кор дар оину маросимҳои ҷашнии ниёгони мо ҳанӯз дар давраҳои қадим хеле дақиқ муайян гаштааст. Шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳо маҳз дар ин фвсли зебо аз қадимулайём аз насл ба насл гузаштааст, ки он таҷассумгари фасли баҳор аст.Боиси хурсандист, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ҳар сол маъракаи ниҳолшинонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса оғоз мегардад. Чорабини мазкур, ки бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишварамон баргузор гардид.Ярмаркаи мазкур дар пайгирии аз татбиқи барномаи нави рушди боғу токпарварӣ ва тадриҷан зиёд намудаи парвариши ниҳолҳо барои солҳои 2007- 2010 ташкил карда шуд.Соли ҷорӣ тибқи барнома, бунёди 1465 гектар боғҳои нав, 500 гектар токзорҳои нав, инчунин барқароркунии 523 гектар боғ ва 322 гектар токзорҳо дар назар дошта шудааст.Дар ярмакаи фурӯши ниҳолҳои босамару сояафкан ҳамаи хоҷагиҳои ниҳолпарвар маҳсули меҳнати худро пешкаши харидорони пойтахт гардониданд.Агар дигархел карда гӯем, ба ярмарка беш аз 70 ҳазор ниҳолҳои мевадиҳанда ворид карда шуд, ки мардум тавонистанд ниҳоли дилхохашонро харидорӣ намуда, кӯчаю ҳавлиашонро зебу оро диҳанд ва ба ояндагон онро ба ёдгор монанд.

Февраль 28, 2009 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд