КАМ ШУДАНИ САТҲИ ОБИ ОБАНБОРИ НОРАК
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар» Жасмин Назарова). Тавре хабар дода шуда буд, реҷаи маҳдуди таъминоти барқ дар қаламрави мамлакат аз 27 декабри соли 2008 шурӯъ шуд, ки сабаби он қатъ гардидани интиқоли барқи Туркманистон тавассути шабакаи барқии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шуд. Ин масъала дар нишасти матбуотии ШСХК «Барқи Тоҷик» бори дигар мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар нишасти мазкур муовини аввали раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Баҳром Азимов, сардори раёсати фурӯши барқ Сафаралӣ Саъдуллоев, сардори шабакаҳои барқии пойтахт Саид Атоев, сардори хадамоти танзими марказии барқ Одинамуҳамад Чоршанбиев, котиби матбуоти ширкати холдингии «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ ва хабарнигорони дохилию хориҷӣ иштирок доштанд. Айни ҳол дар як шабонаруз ба вилоятҳои Хатлону Суғд 3,5 млн. кВ/с, ба ноҳияҳои тобеи марказ 2 млн. кВ/с ва ба пойтахт 15 соат қувваи барқ дода мешавад. Сабабҳои асосии маҳдудияти таъминоти қувваи барқ коҳиши ҳаҷми маҷрои оби дарёи Вахш, кам шудани сатҳи оби обанбори Норак ва имзо нашудани созишномаи транзити барқ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мебошад. Ҳамаи уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи мо дар соли 2008, пурра иҷро карда шудаанд ва Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли барқ қарздор нест, гуфт Баҳром Азимов. Дар мавриди ҳал шудани масъалаи интиқоли барқ аз Туркманистон ба воситаи қаламрави Узбекистон таъмини қувваи барқ дар ҷумҳурии мо хеле бештар мегардад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон барои интиқоли 1 кВ/с қувваи барқ ба Узбекистон 0,3 сент мепардозад, қайд кард Б. Азимов. Дар нишасти матбуотӣ зикр карда шуд, ки маҳдудияти таъминоти қувваи барқ дар Тоҷикистон дар сурати ҳалли масъалаи транзити қувваи барқи Туркманистон бекор карда хоҳад шуд.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






