КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА СОЛГАРДИ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМИИ ЭРОН
Хуҷанд, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова ). — Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30- солагии Инқилоби исломии Эрон конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар конфронс сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва зиёиён иштирок намуданд. Иштирокчиёни конфронс дар бораи аҳамияти Инқилоби исломӣ дар Эрон ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон сухан ронданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сафири Эрон қабл аз конфронс дар маросими ифтитоҳи Маркази иттилооти иқтисодии Эрон дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзид. Сафир дар ин ҷо бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ сӯҳбат орост. Зимни сӯҳбат сухан дар бораи мулоқоти сафир бо раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва нақшаҳои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Эрон рафт. Алиасғари Шеърдӯст изҳор намуд, ки оянда дар вилояти Суғд кушодани намояндагии Сафорати Эрон ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, дар байни шаҳри Хуҷанд ва яке аз шаҳрҳои калонтарини Эрон роҳи ҳавоӣ кушода хоҳад шуд. Барои ин ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд. Баъди мустақил гардидани Тоҷикистон байни мамлакатҳои мо бештар аз 170 ҳуҷҷати ҳамкорӣ имзо шудааст, гуфт сафир.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






