КОНСЕРТИ ИДОНА БАХШИДА БА ИДИ МИЛИТСИЯ
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Имрӯз, 6 феврал милитсияи тоҷик иди касбиашро ҷашн мегирад. Бахшида ба ин рӯз шоми 5 феврал дар «Кохи Ҷомӣ» консерти идона бо иштироки роҳбарият ва кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар он дастаи ҳунарии ВКД «Сипар», устодони санъат, аз қабили Ҷӯрабек Муродов, Афзалшо Шодиев, Маликаи Саидзод ва амсоли инҳо баҳри болидахотирии низомиёни кишвар сурудҳои ҷолиб пешниҳод карданд. Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ милитсияи тоҷик 84-сола мешавад. Гуфтанист, ки имрӯз, ҷиҳати арҷгузорӣ ба хотири абармардони миллати тоҷик ба пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ ва муҷассамаи «Шаҳидон»-и кормандони ВКД, ки ҳангоми иҷрои вазифа фавтидаанд, маросими гулгузорӣ баргузор гардид.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






