М. ҲУСЕЙНХОҶАЕВ — ПЕШСАФИ «AEROFLOT OPEN-2009»
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Шоҳмотбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар мусобиқоти байналмилалии «Aeroflot Open-2009» дар шаҳри Маскав дар гурӯҳи «В» пешсаф шуд.М. Ҳусейнхоҷаев баъди се давр бо 3 имтиёз байни 80 нафар ба ҷои аввал баромад. Вай дар даври чаҳорум бо Ли Ҳанбин аз Чин, ки се имтиёз дорад, бозӣ хоҳад кард. Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов, ки дар гурӯҳи асосии А1 ҳунарнамоӣ мекунад, бозии даври дуввумро низ бо намояндаи Булғористон, гроссмейстер Андрей Зигалко мусовӣ анҷом дод. Амонатов бо 1 имтиёз байни 78 нафар дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст. Ҳарифи ӯ дар даври саввум Антон Шомаеви рус мебошад. Шоҳмотбози дигари тоҷик, устоди FIDE Соҳиб Ҷӯраев дар сабқати А2 пас аз бохт дар даври аввал, дар дидори дуввуми худ бар шатранҷбози рус, устоди байнулмилалӣ Николай Показантсев пирӯз шуд. Соҳиб Ҷӯраев бо 1 имтиёз дар ҷои 55-ум қарор гирифтааст. Вай дар даври севум бо Сергей Искусних, аз Русия, бозӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






