МАРОСИМИ ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТ
Душанбе, 10 феврал. АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ маросими муаррифии намояндагии ширкати «Цепелин Интернатционал АГ» баргузор гардид, ки намояндаи расмии ширкати «Катерпилар» мебошад. Ширкати мазкур дар соҳаи истеҳсоли техника ва таҷҳизоти сохтмони роҳҳо, кишоварзӣ ва истихроҷи маъдан дар ҷаҳон шӯҳрати калон дорад. Намояндаи ширкат Константин Девлер зикр кард, ки намояндагони он дар давраи солҳои 2004 — 2007 бо вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар масъалаи фурӯши техникаи роҳсозӣ силсилаи қарордодҳо имзо кардаанд. Дар давоми солҳои 2007 — 2008 низ бо ширкати «Талко — Персия» дар масъалаи фиристодани техника барои сохтмони НБО Роғун қарордод имзо шуда буд. К.Девлер афзуд, ки техникаи сохти ширкат дар Корхонаи муштараки «Апрелёвка» ва Корхонаи тиллои «Зарафшон» истифода б урда мешавад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






