МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИР

Февраль 12, 2009 16:59

                     Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Имрӯз, 12-уми феврал вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба тезонидани суръати сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар соли 2009 дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов машварати корӣ баргузор гардид.Дар машварат нахуст роҳбарияти вазорату идораҳои марбута, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба рафти иҷрои ин дастуру супоришҳои Президенти кишвар маълумот доданд.                    Мувофиқи нақшаи тарҳрезишуда, айни замон дар мамлакат бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ сохтмони 20 НБО-и хурд идома дошта, таҳияи лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии 3 нерӯгоҳи хурди дигар шурӯъ мегардад.                    Таъқид кардан ба маврид аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар мамлакат 150 адад нерӯгоҳи барқи обии хурд сохта ба истифода дода шуд. Танҳо дар давоми соли 2008 аз ҳисоби нерӯгоҳҳои хурд 39,7 миллион киловатт соат барқ истеҳсол шуд, ки аз рӯи ҳисоботи коршиносон миқдори заруриро ташкил наменамояд.                  Дар машварат Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов вазифа гузошт, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар мавриди бунёди НБО-и хурд аз тамоми шароиту имконият самаранок истифода бурда шуда, нисбат ба ин масъала таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад.                   Мавриди ёдоварист, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 январ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа супориш дода буд, ки дар соли 2009 на камтар аз 50 НБО-и хурд дар мамлакат сохта ба истифода дода шавад.   

Февраль 12, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд