МЕДАЛИ ТИЛЛОИ МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАР БИШКЕК
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков ба охир расид. Варзишгари тоҷик Мирҷамол Ғиёсов дар вазни то 69 килограмм соҳиби медали тиллоӣ ва ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гардид. Давраи 35-уми ин мусобиқаи анъанавӣ бо ширкати 165 варзишгар аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Чин ва Россия баргузор шуд.