МУЛОҚОТ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО САРВАЗИРИ ШОҲИГАРИИ БЕЛГИЯ ХЕРМАН ВАН РОМПЕЙ
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия субҳи рўзи 10 – уми феврал оғоз ёфт.Дар шаҳри Брюсел — пойтахти Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Сарвазири он Херман ван Ромпей дар қасри Егмонт мулоқот намуд.Дар вохўрӣ оид ба имкону захираҳои фаровони таҳким ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгия гуфтугўи судманд сурат гирифт.Бахшҳои коркарди алюминий, пахта, меваҷот ва масолеҳи полезӣ, истихроҷи маъданҳо ва сангҳои қимматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон, ва рушди туризм аз самтҳои судманди ҳамкории ояндаи ду кишвар маънидод гардид.Ба таври мунтазам доир намудани форумҳои соҳибкорон ва тавсиаи робитаҳои судманди онҳо матлуб дониста шуд.Ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Белгия оид ба тадқиқотҳои гуногунсоҳа низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.Баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Белгия Херман ван Ромпей чанд санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия – Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Белгия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;Ёддошти тафоҳум миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ;Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия иттилоъ дод.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






