МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Д. МЕДВЕДЕВ

Февраль 4, 2009 20:53

           Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои ѓайринавбатии Шўрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастачамъӣ ва Шўрои байнидавлатии ҷомеаи иқтисодии ЕврАзия, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар сатҳи Сарони давлатҳо ҷараён гирифт, иштирок ва суханронӣ намуд.             Дар ҷаласаҳои мазкур асосан таъмини амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муштарак зидди бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.             Дар ҳошияи ҷаласаҳои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев мулоқот намуд, ки дар рафти он масъалаҳои ҳалталаби ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.            Таваҷўҳи махсуси Сарони ду давлат ба тезонидани ҷараёни ҳамкориҳои иқтисодӣ бахусус дар мавриди сохтмони иншооти инфрасохторӣ аз ҷумла бунёди Нерўгоҳи Барқи Обии «Роѓун» ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ зоҳир гардид.             Тарафҳо дар рафти гуфтушунид  ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мароқ зоҳир намуданд.             Сарони ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи феврал ба Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом диҳад.         Дмитрий Медведев Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчунин даъват намуд, ки дар соли равон  ба Федератсияи Россия бо сафари давлат ташриф орад.

Февраль 4, 2009 20:53

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад