НАРХИ ИНТИҚОЛИ МОЛ ПАСТ ФУРОМАД

Февраль 3, 2009 13:43

                    Душанбе, 3 феврал. АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ҷумҳурӣ ба истиснои шаҳри Душанбе нархҳои нави интиқоли молу мусофирон ба воситаи нақлиёт ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, интиқоли бор ба воситаи нақлиёте, ки бо гази табиӣ кор мекунад, 20 фоиз ва нақлиёте, ки бо бензин кор мекунад, 30 фоиз арзон шуд.                     Нарҳҳои навро кормандону мутахассисони Пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотии «Нақлиёт» муқаррар намуданд ва онҳоро вазири нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Абдураҳим Ашӯр тасдиқ намуд. Ба роҳбарони муассисаҳои давлатии нақлиётӣ супориш дода шуд, ки вазифаҳои ба зимма гирифтаашонро иҷро намуда, сифати хизматрасониро ба мусофирон беҳтар карда, самараи истифодаи воситаҳои нақлиётро бештар созанд. Нархҳои нав зимни кашондани мусофирон бо автобусҳои байнишаҳрӣ, микроавтобусҳо, мошинҳои сабукрави мусофирбар ва ғайра истифода карда мешаванд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар воситаҳои нақлиёти мусофирбар аз бачагони то 5 — сола пул гирифта намешавад, бачагони 5 то 12 — сола 50 фоизи арзиши роҳкироро месупоранд.                                                                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А.   

Февраль 3, 2009 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд