НАШЪАҶАЛОБ БА МАҚСАД НАРАСИД

Февраль 27, 2009 13:58

                   Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии Раёсати гумрукӣ шаҳри Душанбе 20-уми феврали соли ҷорӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони ҳавопаймои Душанбе-Новосибирск истиқоматкунандаи ноҳияи Қумсангир, Саодат Ҳакимоваро дастгир намуданд. Вай ба дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста мешавад.                  Зимни азназаргузаронӣ аз бадани ӯ 29 бастаи селофании дорои маводи нашъаовар дарёфт карда шуд, ки номбурда мехост ба таври пинҳонӣ ба Федератсияи Русия барад.                  Мутобиқи хулосаи ташхиси лабароторӣ хокаи маводи нашъаовари дарёфтшуда героин буда, вазни холиси он 269,6 грамро ташкил медиҳад.                  Бо назардошти далелҳои зикргардида ва мувофиқи моддаҳои 32 қисми-3, 200 қисми-3 Б В Г ва 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Саодат Ҳакимова парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ба Прокуратураи нақлиётӣ фиристода шуд.   

Февраль 27, 2009 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд