НАШРИЯИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН ЧОП МЕШАВАД
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон моҳи май ба чопи нашрияи худ шурӯъ хоҳад кард. Моҳномаи Иттифоқи журналистон аз 3 то 4 ҳазор нусха чоп карда мешавад. Дар он рӯйдодҳо ва проблемаҳои соҳаи журналистикаи мамлакат инъикос карда хоҳанд шуд. Моҳнома ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи журналистон, таърихи соҳаи журналистикаи тоҷик, проблемаҳои соҳа ва ба ҷавонон омӯхтани таҷрибаи журналистони варзида диқкати калон медиҳад. Айни ҳол дар Иттифоқи журналистон номи нашрияро муқаррар намуда, масъалаҳои марбут ба мавзӯъҳо ва ороиши он ҳал карда мешаванд. Тибқи нақша, барои номи беҳтарини моҳнома озмун эълон карда мешавад. Моҳномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба забонҳои русию тоҷикӣ чоп шуда, бо роҳи обуна ва фурӯш дар дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ паҳн карда хоҳад шуд.








Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






