ОЗМУНИ РӮЗНОМАНИГОРОН

Февраль 27, 2009 15:14

                          Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик барои рӯзноманигороне, ки соли 2008 дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷумҳурӣ силсилаи мақола ва маводи публисисти беҳтарин дар мавзӯъҳои сиёсӣ (инъикос ва баррасии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату созандагӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ), ислоҳоти иқтисодӣ (инъикоси навгонӣ ва мушкилоти иқтисодӣ, нишон додани роҳҳои ҳалли онҳо), масоили иҷтимоӣ (муҳоҷирати меҳнатӣ, танзими расму оинҳо, маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маърифати ҳукуқӣ), фарҳанги миллӣ ва тамаддуни тоҷикон (тарғиби фарҳанги асили миллӣ, дастовард, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо, соли забони тоҷикӣ, соли бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ), ифшои падидаҳои номатлуби ҷомеа ва нишон додани роҳҳои мубориза бар зидди онҳо (фасод, нашъамандӣ, нашъаҷаллобӣ, СПИД, худкушӣ, маҳалгароӣ, хурофот, ифротгароӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим) ва тарбияи ҷавонону наврасон (таҳсил, касбомузӣ, ахлоқи ҳамида, рущди маънавӣ ва ғайра) озмун эълон мекунад.                      Дар озмун ҳамаи кормандони рӯзномаву маҷаллаҳо метавонанд иштирок намоянд. Пешниҳодҳо (номи муаллиф ва мақолаҳои аз 15.03.2008 то 1.03.2009 навиштаи ӯ) то 5.03.2009 дар раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг қабул карда мешаванд. Ғолибони озмун бо диплом ва мукофотҳои пулии Вазорати фарҳанг сарфароз гардонда мешаванд.                      Озмун дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи матбуот ҷамъбаст карда мешавад.

Февраль 27, 2009 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд