ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАМЛАКАТҲОИ АВРУПО САФАР КАРД

Февраль 9, 2009 15:01

                   Душанбе, 9 феврал. АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 8 феврал барои боздиди давлатӣ, расмӣ ва корӣ ба Белгия, Латвия, Литва ва Эстония рафт, Аз дафтари матбуоти сардори давлат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз боздиди давлатӣ ба Латвия оғоз меёбад. Президенти Тоҷикистон сипас барои бозиди расмӣ ба Белгия ва Литва меравад. Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакатҳои Аврупо бо боздиди корӣ аз Эстония ба охир мерасад.                  Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар бо сарони давлатҳои зикршуда, роҳбарони масъули Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои дигари байналхалқӣ мулоқот хоҳад кард.                  Президентро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии Президент дар масъалаҳои сиёсати берунӣ Эркин Раҳматуллоев, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат Фаррух Ҳамралиев, муовини аввали вазири энергетика ва саноат Пӯлод Муҳиддинов ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Февраль 9, 2009 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд