РОМАДАНОВСКИЙ БО РАИСОНИ ҶАМЪИЯТҲОИ ТОҶИКОНИ РОССИЯ МУЛОҚОТ КАРД
Душанбе, 26 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бори нахуст Директори Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия Константин Ромадановский дар шаҳри Маскав бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии умумиросиягии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия» вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ, ки Сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев ва Раиси Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия Абдулло Давлатов иштирок доштанд, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия баррасӣ гардиданд. Тибқи иттилои нозири калони гурӯҳи матбуотии Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и ҷумҳурӣ Раҷаббек Илёсов, масъалаҳои ташкили мунтазами мубодилаи иттиллоот байни Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия, Хадамоти муҳоҷирати ВКД ҶТ ва Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия ҷиҳати ҳалли проблемаҳо ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар ҳудуди Федератсияи Россия, дохил намудани раисони минтақавии Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятӣ-консултативӣ дар назди Раёсатҳои хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия дар минтақаҳо, проблемаҳои рондан аз қаламрави Федератсияи Россия, зарурияти ташкили комиссия оид ба авф кардани шаҳрвандони Чумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо, ки аз Федератсияи Россия ронда шудаанд, дар маркази диққати мусоҳибон қарор доштанд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






