САРМОЯГУЗОРӢ ДАР МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Мӯъминобод дар соли 2008 аз ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 76 миллиону 482 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ ба анҷом расид. Муовини раиси ноҳия Давлаталӣ Набиев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2007 5 маротиба зиёд буда, асосан ба сохтмони биноҳои мактабҳо ва беморхонаҳо алоқаманд аст. Аз ҷумла, бинои мактаб барои 90 нафар хонанда дар деҳаи Қипчоқ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, сохтмони мактаб дар деҳаи Сомдара барои 100 нафар хонанда бо маблағи 390 ҳазор сомонӣ ва амсоли инҳо сохта шуданд. Гуфтанист, ки дар баробари ин аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ва ба таври ҳашар 4 синфхона дар мактаби рақами 36, 3 синфхона дар мактаби рақами 49 ва бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Қипчоқ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, дар ҳудуди ноҳия як пойгоҳи оббарорӣ бо дастгирии молиявии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон сохта ба истфода дода шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






