ТАЪСИСИ МИНТАҚАҲОИ НАВИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАВОМ ДОРАД

Февраль 26, 2009 16:05

               Душанбе, 26 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ барномаи «Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» — ро барои муҳокима ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд, ки бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст. Ҳадафи барнома тезонидани ҷараёни ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад, ки дар ин бора Ҳукумати мамлакат 5 марти соли 2008 қарор қабул карда буд.               Айни ҳол тадбирҳои марбут ба ташкили минтақаҳои нави озоди иқтисодӣ давом доранд. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ишкошим ва Данғара ба мӯҳлати 25 сол ташкил карда мешаванд. Фаъолияти онҳо барои тезонидани рушди иқтисодиёти мамлакат, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи технологияҳои пешқадам ва омӯзиши таҷрибаи тиҷорат, бо кор таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ шароит муҳайё месозад.

Февраль 26, 2009 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд