ВАҚТЕ КИ МУТАХАССИС БАҲО МЕДИҲАД

Февраль 11, 2009 12:01

                    Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти собиқ сардори шӯъбаи сиёсии Вазорати умури дохила генерал-майори милиса Абдулло Ҳабибов, таъини вазири нави умури дохила генерал-летинант Абдураҳим Қаҳҳоров, оғози муборизаи беамон алайҳи фасоду ришвахӯрӣ ва шикасти камари коррупсия дар кишвар мебошад.                   Ба ақидаи ҳамкасби собиқ Абдулло Ҳабибов, агар ба вазири тозаинтихоб имкони мустақилона пиёда сохтани тагйироти кадрӣ дода шавад, сафҳои милитсия аз одамони тасодуфӣ тоза шуда, Вазорат дар кори оромии вазъи кишвар ва мубориза ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ва иҷрои ҳамагуна вазифаю ваколатҳои бар ӯҳда доштааш бо сарбаландӣ мебарояд. Коршиносон ва кормандони соҳаи ҳуқуқ низ бар ҳамин назаранд, ки фаъолияти вазорати мазкур билкулл тағйир хоҳад ёфт. Ҳар гунна тағйирот, ки боиси оромии ҷомеа бошад, онро нафақат коршиносон, балки тамоми мардум ҷонибдор ва дасгирӣ хоҳанд кард.

Февраль 11, 2009 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд