ЗАДУХӮРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР САРҲАД

Февраль 17, 2009 15:43

                   Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Бо назардошти вазъияти мураккаби ҷиноӣ дар ноҳияи Шӯрообод, ки бо сабаби зиёдшавии ҳодисаҳои қочоқи маводи мухаддир, гаравгонгирӣ ба миён омадааст, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумита супориши қатъӣ дода буд, ки фаъолияти худро дар самти ҳифзи ҷисмонии сарҳади давлатӣ ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии трансмиллии наздисарҳадӣ пурзур намояд.                     Аз маркази матбуоти Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шаби 11 феврали соли равон дар ҳудуди деҳаи Қавоқи ноҳияи Шурообод дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи сокинони маҳаллӣ хизматчиёни Қушунҳои сарҳадӣ амалиёти махсус анҷом доданд.                      Ҳангоми гузаронидани амалиёт задухӯрди мусаллаҳ байни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқчиёни афғон бо сарварии шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашурбек валади Султонмад ва Муҳаббат валади Ғурбат ба амал омад, ки дар натиҷа шаш нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки тӯли солҳои зиёд ба нашъаҷаллобӣ ва гаравгонгирии сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон машғул буданд, нобуд карда шуданд.                     Сарҳадбонони тоҷик аз қочоқчиёни афғон беш аз 300 килограмм маводи гуногуни нашъадор, 4 автомати Калашников, 15 адад тирдон ва 450 адад тири автоматро мусодира намуданд.                     Ҳоло дар минтақаҳои наздисарҳадӣ корҳои ҷустуҷӯӣ давом доранд.                     Бояд қайд кард, ки амалиёти мазкур барои мӯътадил гардонидани вазъият дар минтақа ва пешгирии амалҳои ҷинояткоронаи нашъаҷаллобӣ ва гаравгонгирӣ мусоидат менамояд.                     Нисбат ба қазияи мазкур аз тарафи мақомоти тафтишотии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.  

Февраль 17, 2009 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд