ҲАВОПАЙМОҲО АЗ ҚӮРҒОНТЕППА БА ШАҲРҲОИ ГУНОГУНИ РУСИЯ
Қӯрғонтеппа, 18 март. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). — Парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар аз маркази вилояти Хатлон ба пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Маскав рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз оғоз меёбад. Директори генералии майдони ҳавоии шаҳри Қӯрғонтеппа Михаил Леонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки аз маркази вилоят ба Маскав то охири моҳи март 4 ҳавопаймо парвоз мекунад. Теъдоди парвози ҳавопаймоҳо баъдан дар давоми ҳафта меафзояд. Мо бо назардошти афзоиши теъдоди мусофирон парвози ҳавопаймоҳоро бештар карда метавонем, гуфт Леонов. Ояндаи наздик парвози ҳавопаймо аз Қӯрғонтеппа ба шаҳру вилоятҳои дигари Русия, аз ҷумла, Екатеринбург, Челябинск, Самара ва Красноярск ба роҳ монда хоҳад шуд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






