АЗ ӮҲДАИ РОНДАНИ НАҚЛИЁТ БАРОМАДА НАТАВОНИСТ

Март 5, 2009 17:16

                    Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар ҳудуди ноҳияи Ғончӣ як садамаи нақлиёти марговар ба қайд гирифта шуд.                     Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, тахминан соатҳои 17 ронандаи автомашинаи тамғаи «Газель» рақами қайди давлатиаш АВ46 78 РТ 02 Баҳовиддинов Баҳовиддин, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар 20 км роҳи мошингарди Ғончӣ, посёлкаи Калининобод аз ӯҳдаи рондани нақлиёт баромада натавониста, дар натиҷа, автомашина ба тарафи рост чаппа мешавад. Мусофири дохили автомашинаи мазкур Усмонова Сабоҳат, соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Нисбати ин ҳодиса корҳои тафтишотӣ идома дорад.  

Март 5, 2009 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд