БАҚИЯПУЛИҲОИ АНДОЗ МЕАФЗОЯНД

Март 19, 2009 16:42

                      Истаравшан, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло). — Дар давоми 2 моҳи аввали соли равон ба буҷаи умумиҷумҳуриявӣ ба маблағи 6 198 377 сомонӣ ворид гардид, ки ин бо назардошти андози иҷтимоӣ 108 % — ро ташкил медиҳад. Дар ин давра нақшаи буҷаи маҳаллӣ низ барзиёд иҷро гардид. Ба буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 2 893 637 сомонии пешбинишуда 3 154 053 сомонӣ ворид гардид.                       Масъалаи бақияпулиҳои андоз ташвишовар буда маблағи он дар ин давра 6 875 305 сомониро ташкил кард. Сабаби асосии афзоиш ёфтани бақияпулиҳои андоз ин сари вақт пардохт нашудани андози ягона ва андози замин мебошад.                       Бинобар ин дар ҷамъомад Раёсати иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси шаҳр, идораи нозироти андоз ва Раёсати молия вазифадор карда шуданд, ки барои ҳарчи камтар сохтани қарзи андоз дар семоҳаи аввали соли равон чораҳои зарурӣ андешанд.

Март 19, 2009 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд