БА КӮЛОБ ЕВРО ИНТИҚОЛ ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шаҳри Кӯлоб панҷ шӯъбаи асосии банкҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Бино ба иттилои намояндагии бонкҳои шаҳри Кӯлоб, интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ бо рубли русӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 16 миллион рубл зиёд шудааст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, интиқоли маблағи муҳоҷирон дар зарфи ду моҳи аввали соли ҷорӣ бо евро сурат гирифт. Ба кризиси молиявии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, воридоти маблағ дар ҳамаи шӯъбаҳои бонкҳои минтақаи Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба бонкҳои шаҳру ноҳияи ин минтақа беш аз 7 млн. доллар маблағ ворид шудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






