БАХШИДА БА ИДИ ЗАНОН
Хоруғ, 6 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ бахшида ба иди байналмиллалии занон вохӯрии фаъолзанони вилоят бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷамъомад бонувоне, ки нерӯи созандаю бунёдкоронаи хешро баҳри Рушду шукуфоии ҷомеа бахшидаанд, ширкат варзиданд. Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд доир ба қадру манзалати зан, чун олиҳаи ишқу зебоӣ, ва бахшандаи ҳаёт дар рисолати азалии ӯ — тавлиду тарбияи фарзанд, ибрози ақида намуда, иброз дошт, ки ҳастии мо аз зан вобаста аст. Собиқ раисони шаҳри Хоруғ Гулбибӣ Мулкамонова, Анҷирбегим Мақбулшоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ Арамбегим Маҳтобшоева, шоираи ҷавон Гулнисои Атоӣ аз мақому манзалати зан дар пешрафти ҷомеа хеле самимӣ ҳарф заданд.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






