БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ КАМ МЕГАРДАД
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ- феврали соли 2009 дар ҷумҳурӣ 3194 ҳодисаҳои ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2008 12 фоиз кам аст. Дар ин давра гепатити шадиди сироятӣ 37,5 фоиз ва бемориҳои шадиди рӯда 26,3 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил додааст. Дар моҳи январи соли 2009 2169 ҳодисаҳои ба бемориҳои паразиторӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 37,2 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, сулфакабутак 3 баробар, домана 140,6 фоиз, гепатити В 1,7 баробар ва гепатити С 2,2 баробар зиёд шудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






