БИЛЕТ АРЗОН ШУД

Март 19, 2009 15:54

                            Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Мутобиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои шаҳрвандони аз хидмати қатораҳои мусофирбари байналмилалии роҳи оҳани ҷумҳурӣ истифода мебаранд. Аз 10-уми марти соли ҷорӣ нархи билет дар қатораҳои Тоҷикистон то 15 фоиз барои ҳамаи хатсайрҳо арзон шуд. Ин масъала пас аз гуфтушуниди намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Тоҷикистон амалӣ гардид.                          Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, нархи чиптаҳо дар хатсайри Душанбе-Москав дар вагони пласкарти 704 сомонию 35 дирам дар вагони ҳуҷрадор 870 сомонию 84 дирам, Кулоб-Москва дар вагони пласкарти 726 сомонию 82 дирам ва дар вагони ҳуҷрадор 891сомонию 66 дирам, Душанбе-Конибодом вагони пласкарти 81сомонию 96 дирам ва дар вагони ҳуҷрадор 122 сомонию 8 дирам муққарар шудааст. Мавриди зикр аст, ки бо таъсири коэффисиенти гузариши транзитӣ аз сарҳадоти Ӯзбекистон ба нархи чиптаҳо дар қатораҳои Тоҷикистон тағийрот ворид шуда буд.

Март 19, 2009 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд