ДАР ҶТ НАМОЯНДАГИИ МИНТАҚАВИИ ШИРКАТИ «FEDEX» КУШОДА МЕШАВАД

Март 13, 2009 15:01

                  Душанбе, 13-уми март. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — Дар ҷараёни боздиди расмии худ аз Амороти муттаҳидаи Араб вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистаон Ҳамрохон Зарифӣ бо як гурӯҳ мудирони генералии ширкатҳои гуногуни ин давлат дидор ва гуфту шунид кард.                   Аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ҳамрохон Зарифӣ ба мавзӯи ҳамкориҳо бо ин ширкатҳо аҳамияти хоса дода, таъқид намуд, ки аз мулоқоти қаблӣ як сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то ҳол дар самтҳои банақшагирифта амале зоҳир нагаштааст.                   Мудири ширкати «FedEx» иброз дошт, ки мушкилоти асосии нокомиҳо пеш аз ҳама муносибати роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон буд, ки барои парвозҳои таёраҳои ширкати боркашонии «FedEx» ва ширкати мусофиркашии «Эйр Арабиа» мушкилоти нав ба нав эҷод менамуд.                   Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар бобати даровардани тағйироти куллӣ дар низоми идоракунии нақлиёти ҳавоии ҷумҳурӣ ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани он хабар дода, зикр кард, ки имкониятҳои ҳамкорӣ дар ин самт таҷдиди назар мехоҳанд.                  Дар рафти мулоқот мудирони генералии ширкатҳо иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон тавони сармоягузориро доранд, аммо кифоят накардани хатсайри парвоз монеаи ҷиддие мебошад. Дар ин хусус Ҳамрохон Зарифӣ изҳор дошт, ки дар рӯзҳои наздик парвозҳо дар хатсайри Дубай — Душанбе ҳафтае ду бор сурат гирифта, бо хатсайри Шорика — Душанбе се парвозро ташкил хоҳанд дод.                 Мудири генералии «FedEx» таъқид намуд, ки дар рӯзҳои наздик ҷиҳати кушодани намояндагии минтақавии ширкати «FedEx» бо мудирони ширкатҳое, ки дар ин мулоқот ҳузур доранд ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Март 13, 2009 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд