ДАР МАСКАВ БА САФИРИ ТОҶИКИСТОН ОРДЕНИ СУЛҲ СУПОРИДА ШУД

Март 2, 2009 13:26

                  Душанбе, 2 март (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар пойтахти Федератсияи Русия — шаҳри Маскав ба сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мамлакат ҷоизаи мӯътабари байналхалқӣ дар соҳаи эҷоди сулҳ ва фаъолияти хайрхоҳона — Ордени сулҳ супорида шуд. Маросими супурдани орден 27 феврал дар Қасри Кремл зимни Ҷашнвораи байналхалқии фаъолияти хайрхоҳонаи «Ҷаҳони сулҳу дӯстӣ» баргузор гардид, ки дар он дипломатҳо, намояндагони зиёиёни эҷодкор, ходимони ҷамъиятӣ ва ҳомиёни сулҳ аз мамлакатҳои гуногун иштирок доштанд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сафири Тоҷикистон ба ҷоизаи мазкур барои хизматҳои арзандааш дар мустаҳкам намудани сулҳу дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми халқҳо, инчунин, ташвиқу тарғиби ғояҳои адолати иҷтимоӣ, хайрхоҳӣ ва шафқат дар байни ҷомеа сазовор дониста шуд.  

Март 2, 2009 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд