ДАР ВИЛОЯТИ ОРЕНБУРГ 107 КИЛОГРАММ ГЕРОИН МУСОДИРА КАРДА ШУД

Март 5, 2009 16:24

                  Маскав, 5 март (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар вилояти Оренбург амалиёти бастани яке аз роҳҳои интиқоли маводи нашъадори Афғонистон ба Федератсияи Русия бомуваффақият анҷом ёфт. Тавре аз дафтари матбуоти Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, қочоқчиён ният доштанд, ки миқдори зиёди маводи нашъадорро ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан аз Ӯзбекистон ба Русия баранд. Онҳо барои ин вагони яхдони қатораи роҳи оҳанро истифода бурданд, ки ба воситаи он одатан маҳсулоти кишоварзӣ кашонда мешуд. Қатораи роҳи оҳан аз шаҳри Қӯқанд ба Оренбург мерафт. Онро баъди фуровардани бораш барои фиристодан ба шаҳри Орск тайёр намуданд. Соҳибони маводи нашъадор «бори худро» мебоист зимни ҳаракати қатора дар наздикии Орск мегирифтанд. Вале кормандони Хадамоти назорати маводи нашъадори вилояти Оренбург дар ин бора маълумоти зарурӣ гирифта буданд ва нақшаи қочоқчиёнро барбод доданд. Қочоқчиён дар километри 15 — уми роҳи оҳани Оренбург — Орск сумкаҳои пур аз героинро аз вагон партофтанд. Зимни гирифтани сумкаҳо яке аз соҳибони маводи нашъадор — сокини Тоҷикистон дастгир карда шуд, ки айни ҳол шаҳрванди Русия мебошад. Инчунин, ду қочоқчии дигар ба даст афтод, ки шаҳрвандони Ӯзбекистонанд.  Дар ҷои воқеа 110 халтача героин мусодира карда шуд, ки вазни умумии он 107 килограмм аст. Героин дар яке аз корхонаҳои махфии Афғонистон истеҳсол карда шудааст. Дастгиршудагон айни ҳол дар ҳабсхонаи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.  

Март 5, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд