ФАЪОЛОНИ ДИНӢ ДАР КОҲИШИ ВИЧ/СПИД САҲМ МЕГИРАНД

Март 5, 2009 15:06

                 Душанбе, 5-ми март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз созмони ҷамъиятии «Маркази саломатии рўҳӣ ва ВИЧ/СПИД» дар ҳамдастӣ бо вазоратҳои тандурустӣ ва фарҳанг, Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон ва кӯмаки молиявии Созмони байналмиллалии «АСТ Сentral Asia» дар доираи лоиҳаи «Ислом хушунат ба гирифторони ВИЧ/СПИД-ро маҳкум мекунад» ҳамоишеро бо фаъолони динии шаҳри Душанбе ва Кӯлоб барпо намуд.                  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин як қатор созмонҳои байналмиллалӣ ширкат варзиданд. Ҳадаф аз нишасти мазкур мусоидати фаъолони динӣ дар роҳи пешгирии ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон мебошад. Ба андешаи барпокунандагони ҳамоиш имрӯз ҳангоми доман фарох кардани ВИЧ/СПИД дар минтақа ва ҷаҳон саҳмгирии роҳбарони динӣ дар пешгирии ин беморӣ ва мубориза бо поймоли ҳуқуқҳои гирифторон тадбирҳои амалишавандаро тақвият хоҳад дод. Раҳбарони динӣ қодиранд бо иқдоми худ ба коҳиши ВИЧ/СПИД мусоидат намоянд.                 Дар фарҷоми ҳамоиш филми ҳуҷҷатии «Подоши қисмат» манзури иштирокдорон гардид, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба навор гирифта шудааст. Филм аз ҳаёти шахси гирифтори ВИЧ ва нақши фаъолони динӣ дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ/СПИД ҳикоят мекунад.                 Дар назар аст, ки филми мазкур моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон пахш гардад.

Март 5, 2009 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд