ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ КИТОБ ВА МУСИҚӢ -2009
Душанбе, 27 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Моҳи апрел дар ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии китоб ва мусиқӣ-2009 кушода мешавад. Он бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва ташкилоти байналмиллалии «Истиқлол» баргузор мегардад. Дар фестивал шоиру нависандагон, оҳангсозон, рассомон ва ҳунармандон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» директори ташкилоти мазкур Латофат Кенҷаева хабар дод, дар доираи ин ҷашвора гузаронидани озмунҳои адибону рассомон, оҳангсозон ва устодҳои халқӣ ба нақша гирифта шудаанд. Бояд зикр намуд, ки Фестивали китоб ва мусиқӣ аз соли 2007 ҳамасола гузаронида мешавад.Фестивал 2 моҳ идома ёфта, Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак-1 июн ҷамъбаст карда мешавад.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






